Навори суҳбати Путин бо бемори коронавирус дар интернет пайдо шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил больницу в Коммунарке
Президент РФ В. Путин посетил больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Интернет шабакаи интернет наворе пайдо шуд, ки дар он президенти Русия Владимир Путин бо либоси махсус бо як бемори мубталои коронавирус муошират мекунад

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин аз маркази саломатии шаҳрии №40 дар Коммунарка, макони табобати мубталоёни коронавирус, боздид кард.

Пас аз сӯҳбат бо кормандони марказ, Путин либоси махсуси муҳофизатии зардро ба тан кард, ба шӯъбаи бемориҳои сироятӣ рафт.

Раҳбари Русияро, сардухтури маркази тиббӣ Денис Протсенко ҳамроҳӣ мекард.

Видеои боздиди президент аз шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ки дар он беморони мубталои коронавирус хобанд, ба интернет роҳ ёфт.

Дар навор дида мешавад, чигуна Путин бо Протсенко вориди палатаи як ҷавони бемор мешаванд ва сардухтур ба президент мегӯяд, авҷи ҳарорати баланд дар бемор гузашт ва ҳоло мутахассисон натиҷаи тести манфиро мунтазиранд. Президенти Русия дар масофаи муайян бо бемор суҳбат мекунад.

Баъдан ба Путин гирифтори дигари коронавирусро нишон доданд, ва ҳамчунин ӯ аз шуъбаи бақайдгирӣ низ дидан кард.

Бар пояи омори ахир то 24 март дар Русия 495 мубталои коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0