Олимони Ӯзбекистон тестҳои худро барои ташхиси коронавирус сохтаанд

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкТест-системы для диагностики нового коронавируса
Тест-системы для диагностики нового коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Биотехнологҳои Маркази технологияҳои пешрафтаи Вазорати рушди инноватсионии Ӯзбекистон тавонистаанд муддати як моҳ тестҳои худиро барои ташхиси ва пайдо намудани коронавирус таҳия созанд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Олимони Ӯзбекистон тестҳои ватании ташхиси кашфи коронавирусро таҳия кардаанд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия озмоиши ваксинаи зидди коронавирус оғоз ёфт

Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати рушди инноватсияи ин кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, олимони Маркази технологияҳои пешрафта кори худро тақрибан як моҳ пеш пас аз дастури вазири рушди инноватсия Иброҳим Абдураҳмонов оғоз карда, буданд.

Манбаъ мегӯяд,  системаҳои санҷишии таҳияшуда нисбат ба аналогҳои мавҷуда хеле бартарӣ доранд.

Гуфта мешавад, воситаҳои ташхисӣ бо назардошти тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт ва Маркази мубориза бар зидди бемориҳо таҳия карда шуда, пеш аз оғози истеҳсол он бояд ба қайд гирифта шаванд.

Нахустин ҳолати мубталои коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март ба қайд гирифта шуда, шумори он тайи 10 рӯз ба 49 нафар расидааст.

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард ва мубталоёни он имрӯз дар 190 давлати дунё ба қайд гирифта шудааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0