Супербоғи Саидмурод Давлатов: Раҳмон рафту ниҳол шинонд-аксҳо

Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик, ки бо китобу дарсҳояш дар бораи соҳибкорию пулкоркунӣ шинохта асту баъзан изҳороташ дар шабакаҳо баҳсбарангез низ мешавад, дар ноҳияи Спитамен супербоғ бунёд кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Спитамен боздид кардааст, ки ба иттилои котиботаш нахустин чунин таҷрибаи боғдорӣ дар кишвар мебошад. Раисиҷумҳур ҳамроҳи соҳибкор Саидмурод Давлатов дар нахустин супербоғ дар Тоҷикистон ниҳол шинонд. 

Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад.

"Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст. Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад", - тавзеҳ додаст котибот.

Боғи суперинтенсивӣ дар соли сеюм ҳосил медиҳад. Манбаъ афзуд, бунёди боғи суперинтенсивӣ нисбат ба дигар намуди боғҳо афзалият дошта, барои рушди бештари соҳаи боғдорӣ дар мамлакат, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ нақши муҳим хоҳад дошт, зеро дар соли сеюм ниҳолҳо ҳосили фаровон медиҳанд.

Праздник мёда, хлеба и картофеля в г. Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки президент дар Иди асалу нону картошка ва баҳои баландаш ба кадбонувони суғдӣ

Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.

Зимни боздид аз боғи суперинтенсивӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки муҳлати пухта расидани мева дар ин гуна боғҳо дертар фаро мерасад. Новобаста ба ин метавон содироти маҳсулоти бадастомадаро ба роҳ монд, зеро дар сардхона мева беосеб ва тару тоза нигоҳ дошта мешавад.

Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд.

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Саидмурод Давлатов ҳангоми ниҳолшинонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Саидмурод Давлатов ҳангоми ниҳолшинонӣ - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Саидмурод Давлатов ҳангоми ниҳолшинонӣ
© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соҳибкор Саидмурод Давлатов ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соҳибкор Саидмурод Давлатов ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд ҳангоми боздид аз боғ дар ноҳияи Спитамен - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, соҳибкор Саидмурод Давлатов ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд
© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонБоғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст
Боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии Дӯстобод-2-и Маркази тақсимоти яклухти Витаминҳои Тоҷикистон, дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии "Дӯстобод-2"-и Маркази тақсимоти яклухти "Витаминҳои Тоҷикистон", дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст
© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонБарои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Барои бунёди боғи суперинтенсивӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор адад сутунпояи бетонӣ истифода шудааст. Ба таъкиди боғдорон сутунпояҳо дар масофаи ҳашт метр дарозӣ ва чор метр паҳноӣ ҷойгир карда шудаанд.
© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонБо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст
© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонБартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУсули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст. - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Усули шинонидани ниҳолҳои себ дар боғи нав байни дарахтон як ва қаторҳо чор метр масофа аст. Дар 1 гектари ин боғ 2 ҳазору 500 ниҳоли серҳосили себ шинонида шудааст.
© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонХоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - пинк леди яъне навъи арғувонӣ ва голден делишес навъи зарринтоб-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Хоҷагидорон дар боғи навбунёд ду навъи ниҳол - "пинк леди" яъне навъи "арғувонӣ" ва "голден делишес" навъи "зарринтоб"-ро аз хориҷи мамлакат дастрас намуда шинонидаанд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала