Насиҳати падаронаи Раҳмон ба духтарони ятими Хуҷанд: шитоби шавҳар карданро накунед

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздиди худ аз шаҳри Хуҷанд бо шогирдони ятими мактаб - интернат вохӯрӣ доир намуд

Навори мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо толибилмони мактаб - интернати ятимони шаҳри Хуҷанд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳангоми аёдати Саодат Хоҷаева, зани маъюб - Sputnik Тоҷикистон
Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо

Раҳмон ба ятимони мактаб - интернат зиёфат дода, ҳамзамон ба онҳо тӯҳфаҳо низ ҳадя намудаст.

Зимни мулоқот, роҳбари давлат ҷавононро ба донишу касб андӯхтан талқи намуд. Ба изҳори роҳбари давлат, нафаре, ки хуб таҳсил мекунад ва соҳибкасб мешавад, барои ӯ шарт нест ҷойи кор ҷустуҷӯ кунад, чун ӯро худаш пайдо мекунанд.

Гиряи кӯдаки мариз назди президент: Раҳмон супориш дод ӯро бепул муолиҷа кунанд - навор

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон,  ятиму бекасу кӯ мондани толибилмонро зикр намуда афзудаст, ки "зиндагӣ ҳамин аст, мо низ як вақт соҳиби падару модар будем, вале имрӯз ҷойи онҳо дар назди мо холӣ аст. Бо амри тақдир яке пештар волидонашро аз даст медиҳаду дигаре дертар".

Роҳбари давлат дар муроҷиат ба кӯдакону наврасон хитоб кард, ки худро танҳо ҳис накунанд, зеро вазифаи аввалиндараҷаи  давлат таъмину дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, Раҳмон ба духтарони мактаб - интернал тавсия дод, ки дар ба шавҳар баромадан, асло шитоб  накунанд.

"Аввал дониш андӯзед, касб аз худ кунед ва сипас дар фикри ҳаёти шахсии худ шавед".

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили Наврӯзи Аҷам муддати 6 рӯз дар вилояти Суғд қарор мегирад.

Лентаи хабарҳо
0