Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон

Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон бар маҳдудиятҳои бештар барои муқобила бо коронавирус дар ин кишвар таъкид кард

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Қосим Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, бо таъкид бар хориҷ нашудан аз манзил афзуд, ки хуруҷи ҳар фард аз манзил зиён ва фишоре бар ҷомеаи пизишкӣ аст, хабар дод Парстудей. 

Санаторий Бахористон - Sputnik Тоҷикистон
Истироҳатгоҳи режими шадид: шароити карантин дар Тоҷикистон чигуна аст

Манбаъ аз қавли Тоқаев афзуд, ки мардум ба хусус ашхоси солхӯрда ва ашхоси мубтало ба бемориҳои музмин дар рӯзҳои оянда ҳаққи хуруҷ аз манзилро надоранд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон бо ишора ба идомаи омӯзиши қишри ҷавон аз тариқи телевизион гуфт, давлат бо ихтисоси даҳ миллиард доллар шаҳрвандонро мавриди ҳимоят қарор медиҳад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултон пойтахти Қазоқистон муқаррароти карантин то як моҳ иҷро хоҳад шуд.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то ҳол миёни кишварҳои ИДМ дар Русия – 658 ҳолати сироятёбӣ, Арманистон – 265,  Молдова – 149,  Украина – 145, Озарбойҷон – 93, Қазоқистон — 88,  Беларус – 86,  Ӯзбекистон – 60 ва  Қирғизистон – 44 ҳолат ошкор гардид.

Манбаъ афзуд, то ҳол дар Беларус 29 нафар, Русия – 29,  Арманистон 16,  Озарбойҷон  10,  Молдова 2,  Қазоқистон  2 ва Украина  1 нафар шифо ёфта, ба манзили зишташон баргаштаанд.

Феълан дар Русия 2 ҳолати фавт, Озарбойҷон – 1, Молдова – 1 ва дар Украина – 5 ҳолат ба қайд гирифта шудаст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала