Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Русия ба 840 нафар расид

© AP / Ted S. WarrenМужчина в защитном костюме
Мужчина в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати беҳдошти Русия, феълан дар ин кишвар теъдоди маризони коронавирус ба 840 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Теъдоди гирифторони маризии коронавирус дар Русия ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Дар як шабонарӯзи ахир дар 18 манотиқи ин кишвар дасти кам 182 нафар мубталои маризии коронавирус гардидаанд.

Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон
Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон

Ҳамин тариқ шумораи умумии дардмандони ин маризӣ дар Русия ба 840 нафар баробар шудааст.

Ситоди фаврӣ вобаста ба ин маризӣ хабар медиҳад, ки теъдоди барзиёди гирифторон дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудаааст.

Танҳо дар як шабонарӯз дар пойтахти Русия 136 нафар ба ин беморӣ гирифтор гардиданд.

Собянин мегӯяд, Маскав дар остонаи рӯёрӯӣ бо мавҷи густардаи коронавирус қарор дорад

Зимнан, ситоди фаврӣ афзудааст,ки ба табибон имкони наҷот додани 38 бемори коронавирус даст додааст. 

Демонстрация диагностики для обнаружения коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Аз 495 ба 658: афзоиши мубталоёни коронавирус дар Русия

Чанде қабл, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ охирин омор дар бораи хуруҷи коронавирус дар ҷаҳонро нашр карда, кишварҳоеро ном бурдаст, ки феълан ин маризӣ дар онҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Ба гузориши ин созмон, Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо давлатҳо дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мебошанд, ки дар онҳо то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

СУТ дар маҷмуъ таъкид намудаст, ки дар беш аз 195 давлат ва ҳудуд сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Лентаи хабарҳо
0