Ҳамла ба пивофурӯшҳо: тафсилоти парвандаи собиқ кормандони амнияту муҳофизи Нурӣ

© vsluhПиво
Пиво - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе тафсилоти парвандаи Муҳаммадӣ Ворисов, собиқ корманди Вазорати амният ва собиқ муҳофизи марҳум Саид Абдулло Нурӣ, роҳбари пешини Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ба иттилои додгоҳ, Ворисов дар асоси фармони вазири амнияти Тоҷикистон аз 18 январи соли 1998 тариқи шартномавӣ ба кор қабул гардида, ба вазифаи муҳофиз дар шуъбаи 4-уми раёсати муҳофизини Вазорати амният таъйин шуд.

ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси “Скайроуд Лизинг” ва “Тоҷик Эйр” барои 20 миллион доллар ба додгоҳи Амрико расид

Манбаъ афзуд, Ворисов ҳангоми кор ба ҳайси муҳофизи собиқ раиси ҲНИТ, Саид Абдуллои Нурӣ, санаи 7 июли соли 2000 соати 20:00 дақиқа бо ҳамроҳии як гуруҳ кормандони Вазорати амният, аз ҷумла Баллаев Файзулло Аҳмадович, Бурҳонов Хуршед Толибович ва дигарон маслиҳат кардаанд, ки ба нуқтаи пивофурӯшӣ дар кӯчаи Дустии Халқҳои шаҳри Душанбе рафта, фурӯшандагонро латукӯб намоянд.

Бар асоси парванда, ҳамлагарон хостаанд, фурӯшандаҳои оби ҷавро тарсонанд, то минбаъд бо онҳо дағалона рафтор накунанд.

Додгоҳ афзуд, ки Ворисов бо ҳамроҳонаш бо автомату таппончаи хизматияшон мусаллаҳ шуда, ба бинои пивофурӯшӣ дар назди Корхонаи пивобарории воқеъ дар кӯчаи Дустии Халқҳои шаҳри Душанбе ҳамла кардаанд.

"Онҳо аз автомашинаи "Нексӣ" пиёда гашта,  вориди ин бино шудаанд ва барои тарсонидани бошандагони ин бино ба самти шифт якчанд маротиба тир холӣ карданд, ки дар натиҷа мизоҷони тарсида, аз он ҷо гурехтаанд”, - иттилоъ дод Додгоҳи низомии Душанбе.

Манбаъ афзуд, ки сипас ҳамлагарон фурӯшандаҳои оби ҷав, Файзалиев Зафар Умаралиевич ва Абурашидов Рустам Абдузоҳидовичро, бо баҳонаи он, ки қаблан гапгардонӣ кардаанд, латукӯб намудаанд.

Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволи Отамбоев дар мурофиаи судӣ бад шуд

Дар парванда омадааст, ки Ворисов бо ҳамроҳии Баллаев ва Бурҳонов аз хазинаи дӯкони пивофурӯшӣ 600 ҳазор рубли тоҷикиро гирифта, хостаанд, ки тақсим кунанд, аммо дар маҳалли хизматашон ҷинояти кардаашон ошкор шуда, пулро баргардондаанд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе бо гузашти тақрибан 20 сол аз замони сар задани ҳодиса, соли равон Ворисов Мухамадиро гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст ва бо назардошти қонуни афв сеяки онро кам намудаст.

Дар мавриди иштирокдорони дигари ин қазия феълан иттилое дода нашудааст. Назари худи Муҳаммадӣ Ворисов ва ҷониби ҳимояаш низ дар бораи ин ҳукм маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0