Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гирифтори коронавирус шуд

© Sputnik / Джастин Гриффитс-Уилльямс / Гузариш ба медиабонкБорис Джонсон
Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар як паёмаш дар шабакаи интернет эълон кардааст, ки мубтало ба коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё дар як паёми твиттериаш эълон кард, ки мабтало ба Covid-19, ё коронавирус шудааст.

Борис Ҷонсон гуфтааст, ки аломатҳои сабуктари коронавирусро эҳсос кардааст ва ҳоло ӯ ба худҷудоӣ рафтааст.

​Борис Ҷонсон таъкид доштааст, ки ба роҳбарии ҳукумат идома хоҳад дод.

Инчунин бояд қайд кард, ки чанде пеш расонаҳои Бритониё аз мубтало шудани шоҳзодаи Чарлз хабар дода буданд.

Писатель Борис Акунин - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқ шуд: Борис Акунин ва Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шудаанд

Бо Путин тамос надошт: мубталошавии як намояндаи дастгоҳи президент ба коронавирус

Тибқи иттилои расонаҳо дар ҳоли ҳозир шоҳзода ҳамроҳ бо ҳамсари 71-солааш дар дар қасри худ дар Шотландия дар карантин қарор доранд.  

Тибқи иттиолои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон ба 462 ҳазор нафар расида, теъдоди ҷонбохтагон аз ин вирус 20 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0