Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Боздошти 12 нафар дар Душанбе зимни амалиёти "корд": бо худ ниқобу дубинкаву корд доштанд

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeНож в руках, архивное фото
Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти мазкур дар марҳилаи навбатӣ 12-нафарро боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Дар натиҷаи баргузории амалиёти шартӣ бо номи "Корд", ки бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт дар якчанд марҳила роҳандозӣ карда шуд, воқеан пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз силоҳи сард, махсусан бо истифода аз корд гирифта шуд, гузориш медиҳд ВКД Тоҷикистон.

Результаты операции Нож в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Амалиёти корд дар Душанбе: боз 12 нафар дастгир шуданд

Вале мутаассифона ҳолати нигаронкунанда ин аст, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои бо худ гардонидани корд аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, махсусан муҳассилини МТМУ ба чашм мерасанд, ки ин моро қаноатманд карда наметавонад, меафзояд манбаъ.

“Аз ҷумла дар марҳилаи навбатӣ, яъне аз санаи 8-ум то 29-уми март дар натиҷаи амалиёти шартии бо номи "Корд", ки тамоми манотиқи пойтахт гузаронида шуд дар маҷмӯъ 12-нафар боздошт гардида, аз онҳо наздики 30-адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира карда шуданд” ,-афзудааст манбаъ.
Ҳаминтавр дар пайи амалиёт Менглиев Икроми 29 сола Боиров Манучеҳри 17 сола, Иброҳим Носирови 18 сола, Раҳматулло Қаюмови 30 сола, Сурайё  Раҳимоваи 30 сола ва ҳамчунин ҳафт нафари дигар боздошт шудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасонии қонунӣ, аз ҷумла ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала