Сангрез на, харсангрез! Ронанда зинда монд ‎

Обуна шудан
Дар километри 45 – и шоҳроҳи "Душанбе – Чаноқ" харсангҳо фуруд омада, як мошини бензинкашонро пахш кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Баҳрулло, як ронандаи таксиҳои ин масир ба Sputnik-Тоҷикистон гуфт, дар 2 – 3 километрии терминал, ё ба истилоҳи мардум, нуқтаи пулчинии “Ҳушёрӣ” шаби гузашта аз кӯҳ харсангҳо поин омада, як мошини бензинкашонро пахш кардаанд.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боронгарӣ, сел ва сангрезӣ: ҳушдори обуҳавошиносон аз номусоид шудани ҳавои Тоҷикистон

“Мо тақрибан 50 метр дур будем, ки як садои мудҳиш баланд шуд ва дар торикии шаб дидем, ки дар рӯбарӯи мо сангу харсанг рӯи роҳ рехт. Мо мошинҳоро таваққуф дода, мунтазир мондем, ки кор ба куҷо мекашад.

Вақте мутмаин шудем, ки дигар хатаре нест, пеш рафтем ва дидем, ки як мошини боркаш таги харсанг монда, хушбахтона, ронандааш фирор кардааст”, - гуфт ин ронанда. Як корбари Фейсбук, ки низ шоҳиди ҳодиса будааст, дар сафҳаи худ навиштааст, ин на сангрез, балки харсангрезро мемонд.

“Харсанги бузурге, ки бидуни муболиға тақрибан 30 – 40 тон вазн дошт, кабинаи мошини бензинкашро пахш карда буд. Хушбахтона, ронанда зинда аст”, - навиштааст ин нафар.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik-Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса рўзи 29 март, соати 22:36 дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, километри 45, 300 иттифоқ афтода, як машинаи боркаши тамғаи Мерседес (бензинкашон) рақами қайди давлатиаш 29-69 АА 01 РТ, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, зарар дидааст.

Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"

“Санги калонҳаҷм аз кӯҳ сарозер шуда, ба ҳуд (капот) ва қисман ба зарфи сўзишвории автомашинаи мазкур бар мехӯрад. Дар натиҷа кабинаи автомашина корношоям гардида, ронанда зиён надидааст, аммо барои ташхис ба духтурхона бурда шуд. Мо рӯи шанбе дар ин бора огоҳӣ дода будем ва боз огоҳ мекунем, ки дар ин фасли сол сангрезӣ дар роҳҳои кишвар зиёд мешаванд ва ронандагон бояд таваҷҷӯҳ кунанд”, - гуфт Умеда Юсупова.

Тоҷикистон кишварест, ки 93% қаламравашро кӯҳистон ташкил мекунад ва аксари роҳҳои низ аз ин манотиқи хатарнок мегузаранд. Сангрезӣ, тармафароӣ ва селборӣ аз ҳаводисеанд, ки дар ин кишвар зуд – зуд иттифоқ афтода, хисороти модиву ҷонӣ низ дар пай доранд.

Лентаи хабарҳо
0