Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз 30 март дар кишвар ягон ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, аз 1  феврал то 30 марти соли равон 6159  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Министерство здравоохранения республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дастури вазорати тандурустӣ: назорати қатъии гузаргоҳҳои марзӣ ва қарантини воридшавандаҳо

Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора то имрӯз  2146  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 4013  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд,  то имрӯз, 30 марти соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус сарҳадҳои худро баста робитаҳои ҳавоиро низ бо хориҷ қатъ кард.

Тибқи маълумоти охирини Маркази тадқиқоти системавӣ ва муҳандисии Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар ИМА 142  ҳазору 328 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд, 2 493 нафар вафот карда, 4767 нафар шифо ёфтаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 март коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 700 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, тақрибан 35 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Лентаи хабарҳо
0