Чин барои пешгирӣ аз коронавирус ба Тоҷикистон кӯмак ирсол намуд

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкСотрудница поликлиники готовится измерять температуру, архивное фото
Сотрудница поликлиники готовится измерять температуру, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин ба Тоҷикистон як ҳазор либоси муҳофизатии тиббӣ, панҷсад адад ҳароратсанҷ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз маризии сироятии коронавирус ихтисосо дод

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Тоҷикистон барои пешгирӣ аз маризии сироятии коронавирус кӯмаки тиббӣ дарёфт намуд, хабар медиҳад агентии "Авест".

Праздничный концерт в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

Бар хабари манбаъ, кӯмаки давлати Чин аз 1000 либоси махсуси муҳофизатӣ, 500 адад ҳароратсанҷ, 1000 ададӣ айнак ва дастпӯшӣ тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз ин маризӣ, иборат аст.

Гуфта мешавад, ҳукумати Чин кӯмаки мазкуро рӯзи 30 - юми март дар гузаргоҳи марзии Қарасу ба намояндагони Тоҷикистон супорид.

Шумори гирифторони коронавирус дар Русия меафзод: 302 ҳолат дар як шабонарӯз

Дар Тоҷикистон то санаи 30 - юми март, ягона ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта нашудаааст, вале ҳукумати кишвар ба хотирӣ роҳ наёфтани ин бемории даҳшатовар,  аз  ҳаргуна роҳу воситаҳои пешгирикунанда истифода мебарад.

Ахиран СҶБ, маризии коронавирусро 11 - уми март пандемия эълон кард.

То 30 - юми март ба маризии коронавирус дар ҷаҳон дасти кам 723,3 ҳазор нафар мубтало гардиданд. Ҳамзамон 34 ҳазор мариз дар ҷаҳон ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0