Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

© PixabayХадж в Мекке
Хадж в Мекке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ мегӯяд, ба қабули мусалмонон барои адои Ҳаҷ пурра омода ҳастанд, аммо кафолати бехатарии онҳоро дода наметавонанд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Аз ин рӯ ҳукумати Арабистони Саудӣ аз тамоми мусалмонони дунё даъват мекунанд, ки дар замони ҳассос, ки маризии коронавирус ҷаҳонро ба танг овардааст, аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунанд, хабар медиҳад шабакаи "Ал-Ҷазира".

Уборщики в медицинских масках моют пол возле Каабы во внутреннем дворе мечети Масджид аль-Харам в Мекке - Sputnik Тоҷикистон
Дастури шоҳ: омаду рафти шабона дар сартосари Арабистони Саудӣ манъ шуд

Бар хабари манбаъ, Арабистон агар барои қабули мусалмонон омода бошад ҳам, вале кафолати бехатарии  зоиринро дода наметавонад.

Қаблан, маросими Ҳаҷи имсола ба авохири моҳи июл рост меомад. Вале бо зуҳур кардани ин маризӣ дар ҷаҳон, вазири Ҳаҷи Арабистони Саудӣ тасмим гирифт, ки замони Ҳаҷро ба вақти дигар гузорад.

Овозаву дарвозаҳо: аз ошкор шудани як маврид дар Хуҷанд то бастани мактабҳо

Лағви маҳдудияти Ҳаҷ барои зоирин то ҳол номаълум боқӣ мемонад ва он аз чигуна сурат гирифтани вазъият дар ҷаҳон вобаста хоҳад буд.

Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.

Бар тибқи маълумоти ахир дар Арабистони Саудӣ, феълан 1500 нафар гирифтори маризии коронавирус буда, ҳалокати 10 нафар аз ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0