Пулиси Душанбе "Муқимча" бо тимашро боздошт кард: 70 кг маводи мухадирашон мусодира шуд

© МВД по городу ДушанбеЛидер преступной групировки Курбонов Муким
Лидер преступной групировки Курбонов Муким - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти 7 узви як гуруҳи муташаккили нашъаҷаллобон хабар медиҳад, ки аз онҳо ба миқдори 70 кило маводи мухадддир мусодира карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Ба иттилои Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кившар машғул будаанд, муайян ва дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба миқдори умумии 70 кг 283 грамм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.

"Дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳи муташаккил таҳти роҳбарии Қурбонов Муқими 54 - сола, сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" маъруф аст, фаъолияти ҷиноятӣ менамуданд. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Русия маҳбасӣ шудааст.

В Таджикистане задержали наркоторговцев опиумом  - Sputnik Тоҷикистон
Панҷоҳсола ва нашъаҷаллоб: Навори боздошти қочоқчиёни афюн дар Душанбе

Муайян гардидааст, ки шогирдони Қурбонов воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта расм ва схемаи макони гузоштаашро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ мефиристанд.

Мақомот дигар мухаддирот намехаранд: Салимзода гуфт, чаро гардиши нашъа 2 тон кам шуд

Баъдан дастгиршуда Қурбонов Муқим схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамояд, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии "Киви-кошелёк" ба суратҳисоби ӯмегузаронанд.

РВУД мегӯяд, феълан нисбати ҳамаи ин 7-нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0