Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

Мақомоти шаҳри Норак эълон намудааст, ки ахиран 60 нафар ҷавонони ин шаҳр ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ “Ховар”, ахиран ба ин муносибат дар шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Маликшо Неъматзода,  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими  тантанавӣ  оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи артиши Тоҷикистон баргузор гардид.

Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон имрӯз даъвати баҳорӣ ба артиш оғоз гардид

Зимни суханрониаш Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Норак аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуд.

Вай афзуд, шаҳри Норак дар рӯзи якум маъракаи  даъватро пурра ҷамъбаст намуд.

“Ин амал  ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии  сокинони  шаҳрро нишон медиҳад”, - гуфт Маликшо Неъматов.

Дар ҳамин ҳол, масъулини шаҳри Норак, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 31 нафар курси ронандагӣ ва дигарон курсҳои  барқчӣ ва харротиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.

Сипас дар қисмати дуюми ҷамъомад барои болидарӯҳӣ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳр манзур гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала