Кӯдаке аз батни модар олудаи вируси корона таваллуд шуд

© AFP 2023 / FETHI BELAIDНоворожденный ребенок в инкубаторе
Новорожденный ребенок в инкубаторе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар иттилои расонаҳо, модари кӯдак пеш аз таваллуди фарзанд аз ташхиси вируси корона гузаштаву натиҷаи мусбӣ доштааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар Русия бори нахуст кӯдаки ба коронавирус сироятёфта таваллуд шуд, гузориш медиҳад "Известия".

Қазия дар Маскав, дар беморхонаи клиникии ба номи Филатова рух додааст.

В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши якбораи теъдоди маризони коронавирус дар Русия
Гуфта мешавад, модари кӯдак пеш аз таваллуд аз ташхиси корона гузаштаву натиҷаи мусбӣ доштааст.

Тифл ба воситаи буриши қайсарӣ ба дунё омада, ташхис олудашавии тифли навзодро низ бо коронавирус таъйид кардааст.

Модару кӯдак таҳти назорати табобати духтурон қарор доранд.

Пештар аз ҷаҳиши якбораи теъдоди маризони коронавирус дар Русия хабар дода шуд.

Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия 771 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтанд, ки нишондоди бесобиқа мебошад.
 Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус дар 29 минтақаи Русия сабт шуданд, хабар дод ситоди фаврӣ.

Госпитализация больного с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба наздики як миллион нафар расид

Дар маҷмуъ тибқи иттилои охирини мақомоти Русия 3 ҳазору 548 нафар дар 78 минтақаи кишвар гирифтори коронавирус шудаанд.

Теъдоди бештари маризони коронавирус дар Маскав қарор доранд. Тайи як шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русия 595 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Дар маҷмуъ дар Русия 30 нафар аз гирифторони коронавирус ба ҳалокат расида, 235 нафар шифо ёфтанд.

Даргузашти як тоҷик аз коронавирус дар Ню-Йорк

Дар ҷамъбасти рӯзи 1 апрел хабар дода шуд, ки дар Украина – 794, Арманистон – 571, Молдова – 423, Қазоқистон – 402, Озарбойҷон – 359, Беларус – 163, Ӯзбекистон – 181 ва Қирғизистон — 111 ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0