Мақомоти Эрон: беш аз 15 ҳазор мубталои коронавирус беҳбуд ёфт

© Vahid SalemiДезинфекция улиц в Тегеране
Дезинфекция улиц в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кардаас, ки то кунун 15 ҳазору 473 нафароне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шуданд

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран эълон кард, ки шумори гирифторон ба коронавирус дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 47 ҳазору 593 нафарро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday". 

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон аз коронавирус 14 ҳазор нафар шифо ёфт

Ҳамчунин вай афзуд, 138 нафар мубтало ба коронавирус дар 24 соати гузашта, ҷонбохтанд. Ҷаҳонпур қайд кард, ки то кунун дар Эрон се ҳазору 36 нафар ба ҳалокат расид.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати  Эрон бо кӯмаки неруҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди  дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 858 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 42 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 178 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 32 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 188 578 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 105 792 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 12 428 нафарро ташкил медиҳад.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 95 923 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 518, Германия — 71 808, Франсия — 52 128, Эрон — 44 605, Британияи Кабир — 25 150, Швейтсария — 16 605, Туркия – 13 531, Белгия – 12 775,  Нидерланд – 12 595,  Австрия – 10 180, Кореяи Ҷанубӣ — 9 887 ва Канада – 8 612 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (12 428 нафар), Испания (8 464), ИМА (3 890), Франсия (3 523),Чин (3 305), Эрон (2 898), Британияи Кабир (1 789), Недерланд (1 039), Германия (775) ва Белгия (705) дохил мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0