Фавти нахустин гирифтори коронавирус дар Қирғизистон

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини 61 солаи фавтида дар баробари гирифторӣ ба коронавирус ба бемории дигар низ гирифтор будааст , ки табобатро мушкил кардааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон аввалин бемор аз коронавирус рӯзи 2 апрел ҷон дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19.

Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

Ба иттилои манбаъ, фавтида  сокини 61-солаи вилояти Ош буда, аз хориҷ ба ватан баргашт ва дар як муоинаи доимӣ буд.

Номбурда баъди бозгашт аз ташхис гузашта, маълум шудааст, ки дар ӯ коронавирус аст. Табибон баъди мусбат гаштани тест табобати ӯро оғоз карданд, аммо вазъи бемории дигараш имкони муолиҷаро мушкилзо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Қирғизистон 125 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Мақомоти ин кишвар дар Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва се ноҳияи дигар аз 25 март то 15 апрел вазъияти фавқулодаро ҷорӣ карданд.

Аз соати 20:00 то 7:00 баромадан ба кӯчаҳо ба шаҳрвандон қатъиян манъ аст.

Нимаи дуюми рӯз сокинони ин минтақаҳо ҳуқуқ доранд ба мағоза, дорухона ё беморхона раванд.

Лентаи хабарҳо
0