Тоҷикистону Украина парвозҳои мустақимро барқарор мекунанд

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина зимни як гуфтугӯи телефонӣ зарурати барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ миёни кишварҳоро қайд карданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Душанбе ва Киев ба мувофиқа расидаанд, ки иртибототи мустақими ҳавоиро миёни ду кишвар роҳандозӣ намоянд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Ба иттилои манбаъ, чунин тасмим дар пайи суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина Сироҷиддин Муҳриддин ва Дмитрий Кулеба гирифта шудааст.

Зимни суҳбат Кулеба инчунин қайд кардааст, ки Украина мисли қаблӣ манфиати иштироки минбаъдаи корхонаҳояшро дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон нигоҳ медорад.

Ғайр аз ин, ҷониби Украина ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар бахшҳо изҳори ҳавасмандӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 7 марти соли 2008, дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни давлатҳо созишнома ба имзо расид, ки он то моҳи феврали соли 2013 эътибор дошт ва баъдан тарафҳо ҳаракати ҳавоиро қатъ карданд.

Қобили зикр аст, ки сӯҳбатҳо дар бораи барқарор кардани парвозҳо муддати тӯлонӣ идома доранд, зеро ин барои рушди муттасили ҳамкориҳои дуҷониба зарур аст.

Лентаи хабарҳо
0