Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Олмон

© AFP 2023 / MARCO BERTORELLOМедицинские работники надевают средства индивидуальной защиты
Медицинские работники надевают средства индивидуальной защиты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон беш аз 228 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 59 ҳазор тан гардид

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар Олмон шумораи сироятшудагон ба коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 6365 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ ба 91 ҳазору 159 нафар расид.

Ҳамин тариқ, Олмон сеюмин давлати урупоӣ бо бештарин мубталоён шуд, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Дар ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,1 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон беш аз 228 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 59 ҳазор тан гардид.

Маркази саломатии шаҳрии № 1 маъруф ба Советский - и Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Қарантин тамом, ҷавоб намедиҳанд! Дар "Советский"чӣ мегузарад?

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 277 ҳазору 475 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 119 827 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия бо шумораи зиёди фавт аз коронавирус сабт шудааст. Дар ин кишвар 14 681 нафар ҳалок шудааст.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 119 ҳазору 199 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Олмон — 91 159, Чин — 81 639, Фаронса— 64 338, Эрон — 53 183, Бритониёи Кабир — 38 168, Туркия – 20 921, Швейтсария — 19 606, Белгия – 16 770, Нидерланд – 15 723, Канада – 12 549, Австрия – 11 524 ва Куреи Ҷанубӣ — 10 156 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 755 нафар, Испания – 30 513, Олмон – 24 575, Италия – 19 758, Эрон – 17 935, Франсия – 14 008, ИМА – 12 283, Кореяи Ҷанубӣ – 6 325, Швейтсария – 4 846 ва Белгия – 2 872 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (14 681 нафар), Испания (11 198), ИМА (7 402), Фаронса (6 507), Бритониёи Кабир (3 605), Чин (3 326), Эрон (3 294), Нидерланд (1 487), Олмон (1 275) ва Белгия (1 143) дохил мешаванд.

СҶБ 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То имрӯз коронавирус қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дар Тоҷикистон то кунун ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0