Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сару садоҳо бобати мариз будани Назарбоев: котиби ӯ вазъи саломатияшро шарҳ дод

© © Пресс-служба президента Республики КазахстанОбращение Главы государства Нурсултана Назарбаева к народу Казахстана
Обращение Главы государства Нурсултана Назарбаева к народу Казахстана - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон сару садоҳо бобати мариз будани нахустин раисҷумҳури ин кишвар Нурсултон Назарбоев паҳн шудаанд. Ахиран котиби Назарбоев вазъи саломатии ӯро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Нахустин раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев комилан сиҳат аст, изҳор доштаст котиби ӯ Айдос Уқибой. 

Больница в Коммунарке для пациентов с подозрением на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон савумин маризи коронавирус фавтид: 363 нафар дардманд ҳастанд

"Мо ҳеҷ гоҳ ин овозаҳоро шарҳ надодаем. Аммо, чанде қабл баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки вазъро дар кишвар бесубот кунанд, аз ҷумла тавассути паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ дар бораи вазъи саломатии Назарбоев. Ҳамаи ин сару садоҳо асоси воқеӣ надоранд. Назарбоев барои беҳбудии ватан дар шароити қарантин ҳам кор мекунад", афзудааст  Уқибой.

Таҳкими тадобир алайҳи коронавирус дар Қазоқистон

Сухангӯй ёдовар шуд, ки 3 апрел Назарбоев бо раисони вилоятҳо ва шаҳрҳо, бобати ваъият ва омодагии минтақаҳо ба мубориза алайҳи коронавирус сӯҳбатҳо анҷом дод. Ҳар кадоме аз ин ҳокимон метавонанд сиҳат будани ӯро тасдиқ кунанд, зикр намуд ӯ.

Ба гуфтаи Уқибой, дар робита ба ҷорӣ гардидани қарантин қабулгоҳи Назарбоев феълан фаъолият намекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Қазоқистон 500 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидаст ва аллакай аз ин маризӣ 4 қазоқистонӣ ба ҳалокат расиданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала