Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Фавти 9 мубталои коронавирус дар як шабонарӯз дар Русия

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузаштан ба хазинаи аксБригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке
Бригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи гузашта дар Маскав 434 кас мубталои коронавирус шуд. Ҳамин тавр шумораи умумии дардмандони коронавирус дар Русия ба 4731 кас расид

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар давоми шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Русия 9 мубталои коронавирус ба ҳалокат расид, хабар медиҳад маркази мубориза бо коронавируси Русия.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки то рӯзи 4 апрел аз коронавирус дар Русия 43 кас ҷон аз даст додааст.

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус: тадобир пурзӯртар мешавад

"Дар як шабонарӯз 9 мубталои коронавирус ҷон бохт: 7 кас дар Маскав, 1 нафар дар вилояти Костром ва як кас дар Приморский край. Дар умум то имрӯз аз коронавирус дар Русия 43 нафар ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабарнома.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Маскав 434 кас мубталои коронавирус шуд. Ҳамин тавр шумораи умумии дардмандони коронавирус дар Русия ба 4731 кас расид. Миёни беморони рӯзи охир 210 нафарашон аз 18 то 45 сол доранд.

Сару садоҳо бобати мариз будани Назарбоев: котиби ӯ вазъи саломатияшро шарҳ дод

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Сардухтури "Коммунарка" Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То имрӯз коронавирус қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дар Тоҷикистон то кунун ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала