Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Калонтарин маблағро Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар рақобат бо варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Падар ва сармураббии қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов  - Абдулманап Нурмуҳаммадов дар суҳбат бо соҳибкор Игор Рибаков дар шабакаи Youtube гуфт, писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор пул кор кардааст.

"Дороии ӯ наздики 100 миллион доллар аст. Дар ҷаҳон одамоне ҳастанд, ки дороияшон аз ин бештар аст", - гуфт падари Ҳабиб.

Бояд қайд кард, ки моҳи июли соли 2019 рӯзномаи Forbes Ҳабибро миёни доротарин ашхоси аз 40 сола поёни Русия, дар мақоми аввал ҷой дода буд.

Президент UFC Дана Уайт стоит между бойцами Тони Фергюсоном (справа) и Хабибом Нурмагомедовым - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсонро дар Минск баргузор карданиянд

Бино ба арзёбии рӯзнома даромади солонаи Ҳабиб 11,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадааст ва боре ҳам мағлуб нашудааст.

Нунздаҳ рақобати Ҳабиб таҳти сарпарастии UFC баргузор шудааст. Рақобати охирин бо Дастин Поре ба Ҳабиб калонтарин музд - 6 миллион доллар овард. Ин бештарин ҳаққи музд дар фаъолияти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала