Ҳамдардии вазири фарҳанг ба хонаводаи Ҳабибулло Нозирӣ

Обуна шудан
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба хонаводаи шоири шинохтаи Тоҷикистон Ҳабубулло Нозирӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Нозирӣ рӯзи 5 апрел дар синни 63 солагӣ аз олам даргузашт.

Ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супориданд.

Фарҳангиёни Тоҷикистон ба хонаводаи шоири шинохтаи Тоҷикистон Ҳабубулло Нозирӣ изҳори таслият кардаанд.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбат ба даргузашти сармуҳаррири рӯзномаи "Тоҷикистон" Ҳабибулло Нозирӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд",- омадааст дар барқияи тасаллияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба иттилои наздикони шоир мегӯянд, ӯ бештар аз як моҳ инҷониб бемор ва дар беморхона бистарӣ будааст.

Певец Кароматулло Курбонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Санги мазорам" : аз марги Кароматуллоҳи Қурбон 27 сол гузашт

Ҳабибулло Назирӣ моҳи январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мавсуф аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон буда, чандин сол вазифаи  сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ва маҷаллаи "Помир" -и Иттифоқи мазкурро ба уҳда дошт.

Ҳамдардии Шамсиддин Орумбекзода бо хонаводаи Фаррух Хоҷаев

Нозирӣ дар гузашта ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, муддате вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон интихоб гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0