Зиндону ҷарима: муҷозоти шадид барои риоя накардани қарантина дар Кобул

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Афғонистон нафароне, ки қоидаи қарантинаро риоя намекунанд зиндонӣ ва ҷарима мешаванд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, устондори Кобул гуфт, ба далели бетаваҷҷӯҳии шаҳрвандони Кобул, пойтахти Афғонистон ба карантин ва идомаи тараддуд дар шаҳр, пулиси шаҳри Кобул бо афроди хатокор ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунад, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Parstoday".

Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи ибтило ба коронавирус дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшони Афғонистон

Вай афзуд, хатокоронро 18 ҳазор афғонӣ, муодили 250 доллар ва то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Устондори Кобул гуфт,  шаҳрвандон барои ҳифзи ҷони худ ва саломатии ҷомеа бояд ба тавсияҳои пизишкӣ амал кунанд.

Дар ҳамин ҳол, устондории Ҳироти Афғонистон ҳам имрӯз эълом кард, аз имрӯз бо мутахаллифони карантин дар сатҳи устон бархӯрд хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълон кард, ки шумори афроди мубтало ба ин вирус ба 196 нафар расид.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори беҳбудёфтагонро панҷ нафар ва теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемориро чаҳор нафар эълом кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала