Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Расман рақиби нави Тонӣ Фергюсон муайян шуд

© AP / John LocherАмериканский боец UFC Тони Фергюсон
Американский боец UFC Тони Фергюсон - Sputnik Тоҷикистон
Президенти UFC Дэна Уайт дар сафҳаи худ дар "Instagram" рақиби Тонӣ Фергюсонро ном бурд. Номбурда Ҷастин Гэтжи мебошад, ки ба ҷойи размикори доғистонӣ бо Фергюсон вориди майдони набард мешавад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Президенти UFC Дэна Уайт дар саҳифаи расмиаш дар "Instagram" эълон кард, ки дар мусобиқаи UFC 249. рақобати асосӣ миёни Тонӣ Фергюсон ва Ҷастин Гэтжӣ доир  мегардад. 

Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Гардиши нав: Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Тонӣ Фергюсон рақобат намекунад

Ба изҳори ӯ, варзишгарон барои ба даст овардани унвони қаҳрамони муваққатӣ дар вазни сабук талош мекунанд.

Чанде қабл Дана Уайт дар сафҳаи худ дар  Twitter изҳор дошта буд, ки қаҳрамони UFC размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар сабқати навбатии UFC 249 ширкат намекунад.

Ҳабиб рӯзи 3 апрел гуфт, бо Тонӣ Фергюсон ба шарте ба майдон мебарояд, ки аз Русия парвоз карда тавонад. Рақобат миёни Тонӣ ва Ҳабиб ҳамакнун бори панҷум аст, ки лағв мешавад.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсон бояд 18 апрел дар доираи UFC 249 дар Бруклин вориди октагон мешуданд. Вале дар паи хуруҷуи коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шуданд.

Дар ин росто Ҳабиб ҳамроҳи тимаш Амрикоро тарк кард, чун тамрингоҳе, ки варзишкор дар он машқ мекард, баста шуд.

Дар баробари ин Ҳабиб гуфт, намедонад рақобат дар куҷо баргузор мешавад.

Вале, Дана Уайт гуфта буд, ба ҳамаи саргардониҳо нигоҳ накарда, сабқат баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала