Амрико барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор доллар медиҳад - навор

Обуна шудан
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон эълон намудааст, ки кумаки молии Амрико ба Тоҷикистон барои мубориза ба COVID-19 дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бино бар иттилои расмии сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар 868 ҳазору 923 долларро барои таҳкими қобилияти Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 ҷудо менамояд. 

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии Трамп амалӣ мешавад? фавти 865 маризи коронавирус дар Амрико давоми як шабонарӯз

Ин кумакҳо тавассути Оҷонсии Арико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба Тоҷикистон дода мешавад.

Дар ин хусус сафири Амрико дар Тоҷикистон, Ҷон Марк Поммершайм дар як паёми видеоӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор дошта, афзудаст, ки кумаки Амрико ба кӯшишҳои Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 мусоидат хоҳад кард.

Қайд карда шудааст, ки ҳукумати Амрико ин маблағҳоро ба шарикони USAID – Abt Associates, Федератсияи байналмилалии Салиби сурх ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниход менамояд.

“Ин  созмонҳо айни замон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият мекунанд, ки ин ба таъсири мустақими маблағҳои ҷудошуда мусоидат мекунад”, - зикр намудааст сафорати Амрико.

Ҳамзамон сафорат қайд намудааст, ки корҳои мазкур ба таҳкими иқтидори системаи тандурустии Тоҷикистон, хариди молҳои аввалиндараҷа барои назорат ва пешгирии сироят; баланд бардоштани қобилияти лабораторӣ (аз ҷумла интиқоли таҳлилҳо ва таҷҳизот) ва такмил додани назорат, вокуниши фаврӣ, идоракунӣ, иттилоотнокӣ оид ба хавфи пандемия ва иштироки ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

Тавре сафорат қайд кардааст, ин кӯмак бахше аз кӯшишҳои ҳукумати Амрико дар саросари ҷаҳон барои мустаҳкам кардани қобилияти кишварҳои шарик дар пешгирӣ ва назорати сироятҳо, ба монанди сил, ВНМО ва пандемияи COVID-19 мебошад. 

Дар ҳамин ҳол сафири Амрико дар навораш аз талошҳои мақомоти  Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вуруди COVID-19 гуфт, “Ҳукумати Амрико минбаъд низ талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва таъсири ин хатари ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад намуд”.

Ёдрас мешавем, ки Амрико дар тӯли 20 соли ахир ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиард доллар кумак расонидааст.

Лентаи хабарҳо
0