Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мансабдор дар вилояти Хатлон барои порагирӣ

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо фасод порагирии як мансабдорро дар вилояти Хатлон ошкор кард. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ожони мубориза бо фасоди Тоҷикистон, порагирии мансабдор -  Самадзода Муҳиддин Абдусатторро ошкаор кардааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ва кадрҳои навтаъин - Sputnik Тоҷикистон
Бе зӯроварию порагирӣ: насиҳати Раҳмон ба мақомдорони қудратӣ

Бино ба гузориши ин ниҳод, Самадзода Муҳиддин дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон, кор карда, тахминан моҳи ноябри соли 2019 аз шаҳрванд "А"  барои мусоидат намудан дар гирифтани 4,10 га. қитъаи замин маблағи 1200 сомонӣ пешакӣ гирифтааст.

Боздошти мақомдори давлатӣ бо ҷурми тасарруфи пул: беш аз 800 ҳазор ба давлат зиён расонд

Ба иттилои манбаъ, муттаҳам баъдтар боз 4000 сомонӣ талаб кардааст.

"27 январи соли 2020 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ, аз тарафи кормандони Ожонс Самадзода М.А. баъди аз шаҳрванд "А" гирифтани 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ин хусус, нисбати Самадзода М.А. бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала