Комиссари ҳарбӣ писарашро ба аскарӣ фиристод: мансабдорони дигар чи?

Сарафроз Музайянов, писари полковник Хоҷа Музайянзод, комиссари ҳарбии шаҳри Конибодом бо супориши бевоситаи падараш ба хизмати сарбозӣ роҳсипор шудааст

 ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, зимнан ин нахустин мисоли сафарбаршавии фарзандони мансабдорони баландмақом, барои хизмати сарбозӣ ба ҳисоб меравад. Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом бо розигии падараш ба хизмат рафтани Сарафроз Музайяновро иқдоми намунавии комиссар Хоҷа Музайянзод унвон кардааст.

 “Солҳои қаблӣ, бо истифода аз мақоми худ, бархе аз мансабдорон ба ҳар васила монеаи ба хидмат рафтани фарзандони худ мешуданд. Илова бар ин, баъзе ҷавонони синну солашон калонтар мехостанд тарки кишвар кунанд, то аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ кунанд. Дар натиҷа, мо нақшаи даъватро иҷро карда натавонистем. Ҳоло бояд чунин инчунин ташаббуси ҳарбӣ-ватандӯстонаи комиссари шаҳр барои дигар мансабдорон бояд намуна бошад”, -  иброз намудааст Давлатзода.

Сарафроз Музайянов хатмкунандаи Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон буда, дар қатори ихтиёриён ба хизмати сарбозӣ роҳсипор шудааст. Дар маросими сафарбаршавии онҳо, Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом иштирок намуда, барои наваскарон шуҷоатмандӣ ва иҷрои хизмати садоқатмандонаро орзу намудааст.

Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра: баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо тавре хабарҳо ба нашр мерасанд, барои иҷрои нақша масъулин аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ “облава” кор мегиранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба мавзӯъи ҷалби ҷавонон ба хизмат ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар ин росто қабл аз ҳама писарони фарзандони мансабдорони давлатӣ намунаи ибрат бошанд.

 “Роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент, то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намуна бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - иброз намуд, Раҳмон.

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сар аз 1-уми апрел оғоз шуда, қарор аст то охири моҳи май давом кунад.

Бар тибқи амри раисиҷумҳур дар тӯли ин моҳҳо ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, ки агар ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати сарбозиро надоранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала