То 170 ҳазор доллар: Раҳмон номи бархе раисони порагирро гуфт

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, архивное фото.
Доллары, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, номи бархе аз мансабдорони давлатиро, ки ба ивази ҷудо кардани замин то ба садҳо ҳазор доллар пора мегирифтаанд, эълон кард

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Юсуф Раҳмон гуфт, баъзе аз масъулини замин бо мақсади ба даст овардани даромад бевосита ба тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин даст мезананд.

Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қонуншикании раис: Озода Раҳмон мушкили №1-ро гуфту бори дуюм нигарониро ба Раҳмон расонд

Додистони кул, мисол овард, ки раиси идораи замини шаҳри Хуҷанд, Рустамзода А. ва муовинаш Ахмедов М. дар якҷоягӣ бо шаҳрванд Ахмедов А. майдони 3,8 га заминҳои шаҳри Хуҷандро ба ивази 171 ҳазор доллар ба 6 нафар ғайриқонунӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ фурӯхтаанд.

Ба иттилои Юсуф Раҳмон, инчунин муовини раиси идораи замини шаҳри Панҷакент, Ёриён Ф, 0,06 га замини корами обиро ба 1 нафар ба ивази 10000 сомонӣ, раиси идораи замини ноҳияи Рашт, Хусейнзода Н. 0,12 га замини обиро ба як нафар ғайриқонунӣ ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, додааст. Ӯ таъкид намуд, ки аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидаанд.

Додситони кул дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, ки садҳо қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор карда шуданд ва алайҳи онҳо эътироз оварда шуд.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти заминсоз барои фурӯши замин: беш аз 60 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Юсуф Раҳмон мисол овард, ки бо қарори  раиси ноҳияи Б. Ғафуров соли гузашта ба шаҳрванд Ибрагимов бар хилофи қонун аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир 933 метри мураббаъ қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Ба ҳамин монанд, бо қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ ба 7 нафар шаҳрванд аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об 0,4 га қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, бо қарори раиси шаҳри Норак ба 10 нафар шаҳрванд барои ташкили минтақаҳои истироҳатӣ аз ҳисоби заминҳои ботлоқзори Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ” майдони 0,8 га қитъаи замин дода шудааст.

Додситони кул афзуд, ки бо қарорҳои раиси ноҳияи Хуросон бошад, аз ҳисоби заминҳои таъиноти саноатии корхонаи “Заводи пахтаи Беҳзод” ба 7 нафар майдони 0,40 га қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ бо истифодаи якумраи меросӣ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Доллар на земле - Sputnik Тоҷикистон
Заминфурӯши қалбакӣ боздошт шуд: 14 ҳазор доллар бар ивази замини кишоварзӣ

“Қабули қарорҳои ғайриқонунӣ оид ба замин дар фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 39 адад, Б. Ғафуров ва Деваштич — 29, Мастчоҳ — 27, Хуҷанд — 26, Шаҳринав, Кушониён, Фархор, Ҳисор — 25, Хуросон ва Вахш 25 ададӣ, Шоҳмансур ва Варзоб 21 ададӣ, Рӯшон ва Ашт 18 ададӣ, Панҷакент, Восеъ, Шуғнон ва Рашт 17 ададӣ, Ҷ. Расулов ва Айнӣ 15 ададӣ, Исфара, Истаравшан, Фирдавсӣ, Қубодиён ва Роштқалъа 14 ададӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ ошкор ва ҷиҳати бекор кардани онҳо эътирозҳо оварда шудаанд”, - иттилоъ дод нашрияи "Садои мардум" аз қавли Юсуф Раҳмон.

Ӯ таъкид намуд, ки бо эътирозҳои прокурорӣ қарорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуданд. Аммо номи раиси шаҳру ноҳияе, ки барои қарори ғайриқонунӣ дар тақсими замин муҷозот шуда бошад, зикр нагардид.

Лентаи хабарҳо
0