Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

COVID-19: дар Тоҷикистон барои "сироятёфтагон" 3150 кати нави табобатӣ омода мешавад

Феълан “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”, беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон- “Шифобахш” барои ҷойгир намудани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Бегоҳии имрӯз, 10 апрел таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати беҳдошт, дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, пурзӯр намудани назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, боз ҳам чоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии изтиробовари коршинос: коронавирус ба Тоҷикистон ҳам мерасад

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба реҷаи фаъолияти омодагии сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст ва дар ҳолати зарурат мувофиқ ба имконияташ гумонбарон он ҷо ҷой карда хоҳанд шуд.

Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон- “Шифобахш” барои ҷойгир намудани гумонбарони сирояти коронавирус низ ҳоло омода карда шудаанд.

"Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда хоҳанд шуд. Ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав низ ҷудо карда хоҳанд шуд", - афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз 1 феврал то  имрӯз, 10 апрели соли равон 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 5482 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.

То рӯзи 10 апрели соли равон дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала