Раддабандии нави ФИФА ва мавқеи Тоҷикистон муайян шуд

© Федерация футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана (U-16)
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи худро дигар накард. Мунтахаби Тоҷикистон дорои 1152 хол аст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Раддабандии нави ФИФА ва мавқеи Тоҷикистон муайян шуд, гузоиш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, дастаи футболи мунтахаби  Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мавқеи худро дигар накардааст.

Ҳоло  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо касби 1152 хол дар мақоми 121 қарор дорад.
Пустой стадион, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтиёт ними ҳаёт: бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё ба дигар рӯзҳо гузоронида шуданд

Дар робита ба таваққуф дар пасманзари пандемияи коронавирус мавқеи дастаҳо ва нишондиҳандаҳои холҳо дар мавқеи худ бетағйир монданд. Тағйироти бештарро дар шумораи холҳо дастаи мунтахаби Беларус, ки 3 балл ба даст овард  ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор холҳоро аз даст додаанд, ворид карданд.

Фавти мураббии бошгоҳи футболи кӯдакона дар Испания аз коронавирус

Дастаи миллии Белгия бо касби 1762 хол садрнишини ҷадвал мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи  мунтахаби Фаронса  бо касби 1733 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби  Бразилия бо касби 1712 хол ҷойгир шудаанд. Англия (1661), Уругвай (1645), Хорватия (1642), Португалия (1639),  Испания (1636), Аргентина (1623) ва  Колумбия (1622) низ ба даҳгонаи аввал шомил шудаанд.

Ёдрас мешавем, моҳи гузашта-феврал низ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА бетағйир монда буд.

Лентаи хабарҳо
0