Зери як чатр наомадем: ҳасрат ва хайрбоди Додоҷон Атовуллоев бо Анҷумани нерӯҳои созанда

Обуна шудан
Рӯзноманигори номӣ ва яке аз мухолифини тоҷик менависад, ки ин лоиҳа номуваффақ ва нобарор буд, аммо барои аъзояш Анҷумани нерӯҳои созанда мактаби сиёсие гашт

ДУШАНБЕ, 10 апр— Sputnik. Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукиаш дар баёнияи фаврие аз қатъи фаъолияти "Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон", ки муассисаш ӯ ва яке аз мухолифини дигар, марҳум Умаралӣ Қувватов буданд, хабар додааст.

"Аз ҳамин рӯз иборатан Анҷумани нируҳои созандаи Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ менамояд. Ман ин лоиҳаро номуваффақ ва нобарор мешуморам", - менависад вай.

Мо бо ҳасрат бо Анҷуман хайрбод мегӯем ва тамоми нируи худро барои ривоҷ ва шукуфоии “Ватандор” равона менамоем, ки санаи таваллудаш 13 феврали соли 2007 аст, омадааст дар баёнияи Додҷон Атовуллоев.
Аэропорт в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ фаъоли "Гурӯҳи 24" ба Тоҷикистон баргашт

Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, ки дар ҳақиқат анҷуман фаъолияташро қатъ мекунад ва изҳори таассуф намуд, ки ин анҷуман низ мухолифинро зери як чатр оварда натавонист.

"Анҷуман як падидаи нав буд. Барои бо ҳам овардани нируҳои мухталиф ва то ҳадде ноошно. Аммо вақт нишон дод, ки андешаҳо ва ҷаҳонбинии мухолифи аз ҳам дуранд. Ва мо, бояд иқрор шуд, ки натавонистем ҳамаро зери як чатр ва як барнома ба ҳам биёварем", - таъкид кард вай.

Додоҷон Атовуллоев, ҳоло раҳбари ҳаракати “Ватандор” дар Олмон зиндагӣ мекунад.

Ӯ аз солҳои 1990 ба ин сӯ яке аз мухолифони сарсахти ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, аммо ду соли ахир зоҳиран бо ҳукумат аз дари мусолиҳаву мадоро пеш омада, аз интиқодгариҳои қаблиаш даст кашидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008, вақте вай дар шаҳри Маскав аз сӯи мақомоти Русия боздошт шуд, эълон карда буданд, ки ӯ аз рӯи моддаҳои 132 (таҳқири оммавии президенти Тоҷикистон) ва 307 (даъват ба сарнагунии сохти конститутсионӣ аз роҳи зӯр) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Ба гуфти коршиносон, дар ҳоли истирдод рӯзноманигор ба ҳадди ақал 25 сол зиндонӣ мешуд. Он замон ӯ ба Тоҷикистон истирдод нашуд, аммо Маскавро низ тарк кард ва дар Олмон паноҳ бурд.

Аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунед: дархости 7 узви собиқи "Гурӯҳи 24 " аз додгоҳ

Дар яке аз мусоҳибаҳои ахири худ Атовуллоев эълон дошт, ки дар фурсати муносиб ба ватан бармегардад ва ҳатто ҷое ҳам изҳор дошт, ки “дар ҳоли пеш омадани хатар ба Тоҷикистон ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар канори ҳукумати кишвар хоҳад буд”.

Охири моҳи январ Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии солонаи ин ниҳод дар ҷамъи хабарнигорон бо як эҳтироми хос эълон кард, ки Додоҷон Атовуллоев дигар таҳти пайгарди қонунӣ қарор надорад.

Атовуллоев имрӯз дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, тасмими баргаштан ба ватанро то ҳол рӯшан накардааст, гарчанде бисёр мехоҳад, аммо "на пойи рафтан, на ҷойи мондан дорад".

 

Лентаи хабарҳо
0