Боздошти ду корманди андози Хатлон барои қаллобӣ: аз тоҷир 10 ҳазор сомонӣ талаб кардаанд

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди андоз дар Хатлон хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза бо фасод, боздоштшудаҳо Расулов Акбарали Каримович дар вазифаи муовини сардори шуъбаи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар кор карда истода, бо мутахассиси ҳамин Нозирот Ҳотамов Тоҷидин Мусофирович аз рӯӣ маслиҳати пешакӣ ба қаллобӣ даст задаанд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз шаҳрванд Сангов Д.С., ки дар шаҳри Бохтар ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ машғул буд, бо роҳи фиреб маблағи 10000 сомонӣ талаб намуданд.

Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

“Минбаъд Расулов А.К. ва Ҳотамов Т.М. бо мақсади ба анҷом расонидани нақшаи қаллобонаи худ аз Сангов Д.С. маблағи 5000 сомониро пешакӣ гирифта, санаи 25 январи соли 2020 баъди гирифтани маблағи 4150 сомонии дигар дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуданд”, афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати Расулов Акбарали ва Ҳотамов Ҳотамов Тоҷидин бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “б,в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ёдовар мешавем, Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод, дар нишасти хабарӣ ниҳоди зертобеяш бароис моли 2019 гуфт, давоми сол аз суи кормандони Кумитаи андоз 19 ҳолати коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0