Песков вазъи саломатии Путинро шарҳ дод

© Sputnik / Сергей ГунеевПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия зимни мусоҳиба дар Шабакаи аввал вазъи саломатии Владимир Путинро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Ба изҳори сухангӯи раисҷумҳури Русия, вазъи саломатии Владимир Путин олӣ аст. Песков дар ин бора зимни мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия хабар дод.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Песков гуфт, чигуна Путин аз бемориҳо ҳимоят мешавад

Ба гуфтаи ӯ, серкории кишвардори Русия аз олӣ будани вазъи саломатии ӯ дарак медиҳад.

"Шумо худ шоҳиди реҷаи кории ӯ ҳастед", - афзудааст Песков.

Фавти 106 гирифтори коронавирус дар Русия: беш аз 13 ҳазор нафар дардманди ин маризиянд

Зимнан, сухангӯй илова намуд, ки дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус, кори Путин даҳчанд зиёд шудааст ва ӯ вақти холигиро надорад.

Ҳамчунин барои таъмини амнияти раисҷумҳур, машварат ва ҷаласаҳо онлайнӣ тариқи видео баргузор мешаванд. 

Песков мегӯяд, кори раисҷумҳур аз ҳарвақта дида бештар шудааст.

Қаблан, дар сӯҳбат бо раҳбарони минтақа Владимир Путин гуфта буд, ки "Русия ба сирояти коронавирус мубориза мебарад ва пирӯз мешавад".

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала