Бори аввал дар торихи Амрико: Трамп дар ИМА вазъи изтирорӣ эълон кард

Вазъи изтирорӣ дар сар то сари Иёлоти муттаҳидаи Амрико бори аввал дар тамоми торихи кишвар эълон мегардад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар сар то сари  ИМА, бино бар паҳншавии босуръати коронавирус, вазъи изтирорӣ (major disaster) эълон гардид.

В Москве введен режим самоизоляции для всех жителей - Sputnik Тоҷикистон
Ба мағоза ҳам бо иҷозат: тартиботи нав дар Маскав
Қарор дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати фавқулодаро дар сар то сари кишвар раисҷумҳур Доналд Трамп қабул кардааст.

Дар ин вазъ, иёлотҳои Амрико ва як қатор ширкатҳо аз ҷониби давлат маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти иёлотҳои Амрико бояд тасмимҳояшонро бо Агентии федералии ҳолатҳои фавқулода ва қӯшунҳои ҳарбии ИМА мувофиқа кунанд.

Бино бар омори рӯзи 12 апрел, дар ИМА 533,1 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуданд. Бештар аз 20 ҳазор кас қурбони вируси корона гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала