Донишҷӯёни тоҷик ба дӯхтани ниқобҳои тиббӣ пардохтанд

© AFP 2023 / CHARLY TRIBALLEAUДевочка в маске, архивное фото
Девочка в маске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати донишгоҳ мехоҳад, ки дар сурати зарурӣ кормандону донишҷӯёни худро, ки шуморашон ба 6 ҳазор нафар мерасад, комилан бо маскҳо таъмин кунанд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Озмойишгоҳи дӯзандагии риштаи фанноварӣ ва тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тавлиди ниқобҳои тиббиро оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Вируси COVID - 19 чанд муддат дар ниқоб, пул ва шиша зинда мемонад: маълумоти нав

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва фанноварии ҶТ, мутахассисони ришта тарроҳии маскҳоро анҷом доданд ва омӯзгорони донишҷӯён ба дӯхтудӯзи маскҳо пардохтанд.

Онҳо то ҳол беш аз 1,3 ҳазор дона маск тавлид карданд. Раёсати донишгоҳ мехоҳад, ки дар сурати зарурӣ кормандону донишҷӯёни худро, ки шуморашон ба 6 ҳазор нафар мерасад, комилан бо маскҳо таъмин кунанд.

Шалвор ниқоб мешавад: ширкатҳои Тоҷикистон ба тавлиди ниқобу либоси хоси тиббӣ рӯ оварданд

Ёдовар мешавем, ки вазорати саноати Тоҷикистон барномаи таъомули беҳсозии коронавирус COVID-19-ро таҳия карданд. Бар асоси ин барнома, 20 ширкати Тоҷикистон бо ҳадафи таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиоложии мардуми кишвар тавлиди маск ва дигар василаҳои муҳофизаиро оғоз карданд.

Тавони тавлиди шаборӯзии ширкатҳо дар кулл 150 ҳазор дона маск буда, ҳоло дар як шаборӯз 45-50 ҳазор дона маск тавлид мегардад.

Лентаи хабарҳо
0