Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе
Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзномаи давлатӣии “Ҷумҳурият” гуфтааст, тамоми пизишконе, ки барои мубориза бо коронавирус ҷалб мешаванд, изофапулӣ дода мешавад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ба гуфтаи Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амнияти санитарии табибони вобасташуда ва кормандони хизматрасон онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазир: барои роҳандозии қарантинаи саросарӣ дар Тоҷикистон асосе нест

“Дар баробари ин, кормандони тиббии вобасташуда дар ҳолати карантин пурра бо лавозимот ва ашёҳои инфиродии ҳифзкунандаи яккарата, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ, респираторҳо, сипарҳои ҳифзкунандаи рӯй, айнакҳои муҳофизатӣ, хилъатҳои тиббии яккарата, комбинезонҳо, пешдоманҳои яккарата, дастпӯшакҳои тамйизгардонда, пойафзолҳои муҳофизатии обногузар, маҷмӯи ашёҳои санитарию гигиенӣ ва ғайра таъмин карда мешаванд”, - илова кард вазир.

Инчунин вазир қайд кард, ки қарантинаи 14 - рӯза меъёри байналмилалист, ки дар ин муддати ташхис гумонбар бо олами беруна набояд ягон хел иртибот дошта бошад.

“Дар мо низ ин тартиб қатъиян риоя мегардад. Яъне, аёдати ашхоси карантинӣ аз ҷониби пайвандон истисност. Лекин хӯрок овардани хешовандон манъ нашудааст. Онро шахси масъул қабул карда, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ ба гумонбар мерасонад. Ғайр аз ин, тавассути телефон тамос гирифтан иҷозат аст”,- зикр кард Олимзода.

Ҳамзамон вазири тоҷик афзуд, сифати пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар самти пешгирӣ ва чӣ дар самти ташхису табобат аз дигар давлатҳо фарқияти зиёд надорад.

“Имрӯз хизматрасонии тиббӣ бо усулҳои муосири ташхису табобат тавассути таҷҳизоти замонавӣ сурат мегирад. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои сироятёбӣ айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани 5000 сироятёфта шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст”, қайд кард вазири тандурустии Тоҷикистон.

Вай инчунин илова кард, ки дар ҳолати пайдо шудани зарурат Тоҷикистон метавонад имконияти бештарро сафарбар созад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала