Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Песков иқрор шуд, ки Путин дар қарантина пазмони суҳбати зинда бо мардум шудааст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин в режиме видеоконференции провел совещание по вопросам развития ситуации с коронавирусной инфекцией
Президент РФ В. Путин в режиме видеоконференции провел совещание по вопросам развития ситуации с коронавирусной инфекцией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар баробари ин сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, кори Владимир Путин ба маротиб бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар шароити қарантинаи сартосарӣ ба президенти Русия Владимир Путин суҳбати зинда бо мардум намерасад, иқрор шуд сухангӯи президент Дмитрий Песков дар барномаи "Москва, Кремл, Путин" - и шабакаи "Россия 1".

Песков қайд кард, ки Путин пазмони суҳбати зинда бо мардум шудааст.

"Ман бовар дорам, ки пазмон шудааст. Барои ӯ суҳбат бо мардум дар фаъолияташ дар мадди аввал аст. Ӯ аз суҳбат бо мардум воқеиятро пайдо  мекунад", - гуфт ӯ.

Дар баробари ин  сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, кори Владимир Путин ба маротиб бештар шудааст.

Препарат против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
"Ивермектин": олимон дору алайҳи коронавирусро пайдо карданд

"Маҳдуд будани суҳбати мустақим ба фаъолияти Путин ба ҳеҷ ваҷҳ таъсир намекунад. Кори Путин дар қиёс бо рӯзҳои маъмулӣ бештар шудааст", - қайд кард сухангӯи президент.

Ҳамагирии коронавирус дар Русия

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Гирифторони коронавирус чигуна ҷон медиҳанд - посухи пизишк аз Қирғизистон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро 11 марти соли равон пандемия эълом кард.

Тибқи омори ахир, то 9 апрел беш аз 1,87 миллион кас дар 210 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят шудааст. Беш аз 109 ҳазор нафар ҷон бохта, пизишкон 337,1 беморро табобат карданд.

Дар Русия то имрӯз 15 ҳазору 770 кас гирифтори коронавирус шудааст. Вируси нав ҷони 130 касро гирифт.

Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус президенти ин кишвар Владимир Путин сар аз 28 март то 30 апрелро рӯзҳои таътил эълом кард. 

Феълан дар Маскав қарантина эълом шудааст.

Лентаи хабарҳо
0