Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов

© аз бойгонии Далер ШарифовДалер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда
Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшуда - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасии парвандаи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро, ки имрӯз дар назар буд, ба таъхир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Мурофиаи Далер Шарифов дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур имрӯз соати 14:00 дар назар буд. Аммо ба далели ҳозир нашудани додситон мурофиа рӯзи 15 апрел таъйин шудааст.

Шермухаммад Шохиен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаққи дахолат надорам, вале: раиси Суди олӣ дар бораи озодии Далер Шарифов

Қаблан созмонҳои ватанӣ ва ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷикро талаб карда буданд.

Далер Шарифов ба иттилои наздиконаш пеш аз зуҳри 28 январи соли равон ба шаҳри Душанбе даъват шуда, боздошт гардидааст. Наздиконаш мегӯянд, сипас кормандони мақомот хонаашонро бозҷӯӣ карда, бархе аз адабиётро бо худ бурданд ва таъкид намуданд, ки Шарифов баъди бозпурсӣ раҳо хоҳад шуд.

Шарифов бо 30 январи соли равон бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ахиран додгоҳи шаҳри Душанберо низ қарорро бетағйир гузошт.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороте, ки 1 феврал нашр кардааст, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Шарифов Далерро дар нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ, муттаҳам карда буд.

Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дору мехӯраду китоб мехонад: Далер дар зиндон 500 мисраъ аз Мавлоноро аз ёд кардааст

"Шарипов Далерҷон Абдуманнонович соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хонд.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала