Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши рекордии гирифторони коронавирус дар Русия : 2774 дар як шабонарӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДемонстрация диагностики для обнаружения коронавируса
Демонстрация диагностики для обнаружения коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Маскав 1489 кас, дар вилояти Маскав - 460 ва шаҳри Санкт-Петербург - 121 кас мубталои коронавирус шуд

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дар 51 минтақаи  Русия дар давоми шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 774 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврии зидди коронавирус.

Дар баробари ин дар давоми 24 соати гузашта 22 мубталои коронавирус ҷон бохта, 244 нафар шифо ёфтанд.

Дезинфекция  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар ИДМ: шумори мубталоён дар Ӯзбекистону Қазоқистон аз 1 ҳазор нафар гузашт

Аз шумори нави гирифторон, дар шаҳри Маскав 1489 кас, дар вилояти Маскав - 460 ва шаҳри Санкт-Петербург - 121 кас мубталои коронавирус шуд.

Миёни мубталоёни коронавирус 5% - кӯдакон, 44,5% - нафарони аз 18 то 45-сола ва 36,5% – аз 46 то 65-сола мебошанд.

Ҳамин тавр 85 дарсади беморонро одамони аз 64-сола поён мебошанд.

Сафорат: агар нишонаҳои коронавирус мушоҳида шавад, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занед

Дар умум то рӯзи 14 апрел дар Русия 21 ҳазору 102 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз рӯзе, ки ин бемории маргбор дар Русия паҳн шуд, 170 бемор ба ҳалокат расид.

Ёдрас мешавем, ки шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Русия 2 ҳазору 558 кас мубталои коронавирус шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0