Муфтии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо чӣ масъалаҳо баррасӣ мешаванд

© SputnikСаидмукаррам Абдулкодирзода
Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи қарибулвуқӯъи Шӯрои уламо, вобаста ба паҳншавии вируси корона дар ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои ҳамсоя ва масъалаи муҳими марбут ба моҳи шарифи Рамазон баррасӣ хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, эҳтимол дорад ҷаласаи шӯро санаи 21 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия гирифтори коронавирус шуд

Вай афзуд, дар маҷлиси мазкур масоили муайян намудани саршавии моҳи шарифи Рамазон ва муайян намудани нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, вай таъкид дошт, ки дар ҷаласаи шӯрои уламо масоили ҷузъие, ки вобаста ба фаъолияти масҷидҳо дар замони паҳншавии коронавирус,  намози таровеҳ, хатми Қуръон дар масҷидҳо ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба моҳи шарифи Рамазон ҳастанд, баррасӣ мешаванд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода афзуд, дар сурате, ки агар вируси корона ба Тоҷикистон таҳдид кунад, Шӯрои уламо қарорҳои дахлдор қабул хоҳад кард.

“Агар ба Тоҷикистон хатаре таҳдид кунад, Шӯрои уламо қарорҳои ниҳоӣ ва зарурӣ қабул хоҳад кард. Ҳоло ҳеҷ чизе маълум нест. Дар ҳоли ҳозир, ба Тоҷикистон ҳеҷ хатаре таҳдид накардааст. Дар сурати таҳдид кардани хатар чораҳои зарурӣ меандешем”, -гуфт муфтӣ.

Вай ҳамзамон афзуд, ки ҳар як шахси мусалмон ва тавакалкунанда ба парвардигор бояд тамоми эҳтиётҳоро бигирад.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд: пинҳон нигоҳ доштани сирояти коронавирус ба нафъи ҳеҷ кишваре нест

“Мо бояд тамоми эҳтиётмона бигирем то мубтало ба ин беморӣ нашавем. Мо ҳамеша масҷидҳоро доруву безарар мекунем. Ҳамчунин ба намозгузорон тавсияву насиҳатҳо мекунем, ки ба масҷидҳо бо ниқобҳои тиббӣ ҳозир шаванд. Аз шахсони солхӯрда хоҳиш мекунем, ба масҷид наоянд ва намозҳояшонро дар хона бихонанд. Ин ҳама барои саломатии онҳост, то ин ки эҳтиёт кунанд, чунки шахсони солхӯрда бисёр осебпазиранд. Мо ҳамеша ба мардум мегӯем, ки бе зарурат ба ҷойҳои серодам нараванд” – гуфт муфтии кишвар.

Дар маҷлиси Шӯрои уламои кишвар оғози моҳи шарифи Рамазон, ҳисоби шаръӣ, нисоби закот, садақаи Фитр барои ҳар як шахс, фидяи рӯза дар моҳи Рамазон, хатми Қуръон дар маҷидҳо ва ғайра баррасӣ мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала