ВУД Тоҷикистон: марди 36-сола барои қочоқи беш аз як кило симоб боздошт шуд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар вилояти Суғд марди 36-сола, ки дар муомилоти ғайриқонунии симоб гумонбар дониста мешавад, боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои қочоқи беш аз як кило симоб марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шуд.

Пластиковые бутылки со ртутью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти собиқ корманди корхонаи кимиёвии Ёвон бо 3,5 кило симоб

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, гумонбар медонанд. 

“Аз номбурда санаи 11-уми апрели соли 2020, дар ҳудуди минтақаи Галамайдони ноҳияи Б.Ғафуров як зарфи шишагӣ, ки дар дохилаш моеъи рангаш нуқрагӣ буд, дарёфт ва гирифта шуд. Моеъи мазкур моддаи заҳролуди “симоб” буда, вазни хоси умумиаш 1 килою 167 граммро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони ВУД Тоҷикистон нисбати ин шахс парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 206 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0