Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Таассуфи дабири кулли СММ аз хабарҳои бардурӯғ оиди коронавирус дар интернет

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дабири кулли СММ Антонио Гуттереш аз паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ оиди бемории коронавирус шадидан изҳори нигаронӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Нигаронии Антонио Гуттериш оиди хабару гузоришҳои носаҳеҳ бобати коронавирус дар сомонаи расмии созмони мазкур нашр гардидааст. Дабири СММ дар ин робита оғози маъракаи иттилоотӣ алайҳи "пандемияи ахбори дурӯғин" - ро  эълон намуд.

Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
СММ хостори лағви таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон шуд

"Дар ҳоле, ки тамоми дунё бо пандемияи ҳалокатовари COVID-19, буҳрони душвортарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шуда, бо он дар набард аст, мо ҳамчунин эпидемияи дигар- эпидемияи маълумоти таҳрифкунандаро мушоҳида мекунем",-гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба қавли Антонио Гутерриш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста маслиҳатҳои  барои саломатӣ зиёновар паҳн шуда,  фазои иттилоотӣ лабрези ахбори дурӯғин гаштааст.

Омори даҳшатбор: мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон аз 2 миллион нафар гузашт

Ба гуфтаи ӯ ҷаҳон бояд дар муқобили ин маризӣ муттаҳид бошад.

Зимнан, ӯ ташаббуси нави Созмони Милали Муттаҳидро оид ба вокуниш ба маълумот эълон намудааст. Дабири кулл талаб намудааст, ки интернет ҳар чӣ бештар бо далелҳои илмӣ пурра гардида ба даҳшати афзудаистодаи ахбори дурӯғин, муқовимат нишон дода шавад.

Ӯ ҳамчунин ба рӯзноманигорон ва ашхоси дигаре, ки далелҳоро таҳқиқ мекунанд, баҳои мусбат додааст.

Лентаи хабарҳо
0