Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Супоришҳои фаврии Раҳмон: паст кардани нархҳо, кишти заминҳо ва пешгирии COVID - 19

Обуна шудан
Роҳбарони вилоятҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ ҷиҳати сари вақт кишт намудани зироатҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои Президентиро васеъ ба роҳ монанд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Имрӯз, 16 апрел таҳти раёсати раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, коҳиш додани таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти кишвар, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ, дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

Дар ҷараёни кори маҷлис ҳисоботи муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, муовинони сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи кишту кори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ шунида шуд.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Таъкид гардидааст, ки дар асоси супориши сарвари давлат аз ҷониби Ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба иқтисоди миллӣ қабул гардида, ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода шуд.

Президент ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад.

Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, қисми даромади буҷет ва истифодаи имконияту манбаъҳои иловагӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рекорди ҷаҳиши қурби доллару коҳиши рубл: Бонки миллӣ тасдиқ карду шарҳ дод

Роҳбарони вазорату идораҳо вазифадор шудаанд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, танзими бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон чораҳои дахлдор андешанд.

"Супоришҳои дигар ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Раҳмон ба Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус ҷиҳати аз имрӯз андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар супоришҳои мушаххас додааст.

Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Картошка 8 сомон шуд: сокинон мегӯянд, мақомот ба куҷо менигарад

Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус, орд, равғани растанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба таъсиси иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол, махсусан, зимистону баҳор бо истифодаи мақсадноки сардхонаву гармхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятию аҳолӣ, супоришҳо дода шуд.

Вобаста ба ин ва бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тамоми сохторҳои соҳаи кишоварзии мамлакат супориши қатъӣ ва фаврӣ дода шуд, ки нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро то 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз зиёд намуда, истеҳсолу захираи орду равғанро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои Президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҳамкории судмандро бо роҳбарони кишварҳои дахлдор доир ба имкониятҳои содироти меваю сабзавоти истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ба Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба роҳ монад.

Тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Дар охири кори маҷлис Президент, Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Лентаи хабарҳо
0