Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори нави коронавирус: беш аз ним миллион кас шифо ёфтанд

Ба иттилои коршиносон, баъзе аз кишварҳои ғарбӣ қуллаи паҳншавии коронавирусро паси сар карданд. Агар то имрӯз дар тамоми ҷаҳон бештар аз 134 ҳазор кас қурбони ин вирус шуда бошанд, бештар ним миллион нафар шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омори нави паҳншавии вируси коронаро мунташир кардааст. Мувофиқи он, то имрӯз шумораи гирифторони вируси ба истилоҳ тоҷдор марзи 2 миллион нафарро убур карда, ним миллионашон шифо ёфтаанд.

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи коронавирус: Қаҳрамонии бокси Осиё дар Ҳиндустон баргузор мешавад
Тавре "Ховар" дар истинод ба СҶТ менависад, дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 83 ҳазору 607 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 510 ҳазору 632 кас ва фавтидагон 134 ҳазору 666 тан мебошад. 

Ба ҳолати субҳи 16 апрел дар ИДМ аз ҷумла дар Русия 24490 ҳолат, Украина – 3764, Беларус – 3728, Молдова – 2049, Ӯзбекистон – 1349, Қазоқистон – 1331, Озарбойҷон – 1253, Арманистон – 1111 ва Қирғизистон — 466 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

"Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Русия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 404, Арманистон  – 297, Қазоқистон – 240, Беларус – 203, Молдова – 171, Украина — 143, Ӯзбекистон – 107 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Пара в защитных пасках на улице в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Наздики 50 ҳазор бемори коронавирус дар Эрон шифо ёфтанд

Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 46, Беларус – 36, Арманистон – 17, Қазоқистон – 16, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 784 нафар буда, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 644 ҳазору 89 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 28 ҳазору 529 нафар ва шумораи шифоёфтагон 48 ҳазору 708 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 180 ҳазору 659 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 6 599 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 18 ҳазору 816 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 70 ҳазору 853 кас шифо ёфтаанд.

Мутахассиси ӯзбек шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Дар Италия шумораи мубталоён 165 ҳазору 155 нафар ва теъдоди фавтидагон 21 ҳазору 645 нафар мебошад. Дар Франсия 147 ҳазору 863 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 167 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 134 ҳазору 753 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 3 804 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 98 ҳазору 476 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 12 ҳазору 868 нафар мебошад.

Дар Чин 82 ҳазору 341 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 46 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 3 342 нафар вафот кардаанд.

Дӯст он бошад, ки...: пизишкони рус дар Италия беморони коронавирусро табобат мекунанд

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 76 ҳазору 389 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 777 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 69 ҳазору 392 нафар ва дар Белгия – 33 573 нафар мебошад.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала