Сенатори Амрикоӣ хостори лағви таҳримҳои Эрон шуд

© REUTERS \ WANAМужчина на автобусной остановке в Куме, Иран
Мужчина на автобусной остановке в Куме, Иран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сенатори демократи амрикоӣ аз таҳримҳои ғайриинсонии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи Эрон интиқод кард

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik. Крис Морфӣ, сенатори демократи амрикоӣ бо интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар бекор накардани таҳримҳои Эрон гуфт, сиёсатҳои вай муҷиби марги афроди бегуноҳ ба иллати густариши вируси корона хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday" дар истинод ба рӯзномаи NI .

Пара в защитных пасках на улице в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Наздики 50 ҳазор бемори коронавирус дар Эрон шифо ёфтанд

Мофӣ афзуд, таҳримҳои давлати Амрико иҷозаи ирсоли таҷҳизоти пизишкӣ ва дигар колоҳои башардӯстонаро намедиҳад.

Крис Морфӣ аз ҷумлаи 10 сенатори демократи амрикоӣ аст, ки моҳи гузашта (марти 2020 ) дар номае аз давлати  Трамп хост итминон ҳосил кунад, ки Эрон ва Венесуэла метавонанд барои муқобила бо густариши вируси корона таҷҳизоти пизишкӣ ва дигар колоҳои башардӯстона ворид кунанд.

Ба думболи шуюи вируси корона дар ҳафтаҳои ахир дар кишварҳои ҷаҳон ва Эрон, шумори зиёде аз мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Туркия, Русия, Покистон ва Чин хостори бекор кардани таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико алайҳи Эрон шудаанд.

Таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон, ки шомили колоҳои асосӣ ва ҳатто доруӣ ва пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми Эрон ба вижа беморони коронаӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0