Аҳмадзода ноиби якум ва Файзов ноиби Рустами Эмомалӣ: киҳо дар парлумон вазифа гирифтанд?

Обуна шудан
Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ, даъвати 6-ум дар пайи интихоби Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раис, муовинони ӯ ва роҳбарони кумитаҳои палатаи болоии парлумон интихоб шуданд

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Аз ҷумла Аҳмадзода Раҷаббой, раиси Суғд ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси миллӣ, Файзов Ёдгор Доёрович ба вазифаи муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

Инчунин Раҳмон Дилшод Сафарбек, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният шуд. Дар даъвати гузашта ин мақомро Озода Раҳмон ба уҳда дошт.

Ҳакимзода Қурбон - раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ - раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон интихоб гардиданд.

  • Раҳимӣ Фарҳод - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,
  • Ҷумъазода Шарифҷон - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия,
  • Қонунзода Шодигул Худобахш - Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид назорати Дастур интихоб гардиданд.

Инчунин бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  озод гардида, Идрисзода Илёс Мумин - роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Лентаи хабарҳо
0