Эй Худо раҳм бикун...: нашри тарона бобати коронавирус ва мушкили муҳоҷирин дар ин рӯзҳо

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузаштан ба хазинаи аксМигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России - Sputnik Тоҷикистон
Эркин Одинаев, овозхони тоҷик ки бештар бо сароидани сурудҳои классикӣ машҳур аст, ахиран таронаи наверо дар бораи коронавирус нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Таронаи овозхон таҳти унвони “Ҷаҳон бемор аст” рӯзи гузашта 16 апрел дар шабаки  Youtube нашр гашта мавриди истиқболи корбарон қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, матни шеър аз Саид Ризо буда таҳиякунандаи оҳанг бародари овозхон Мухтор Одинаев мебошад.

Тарона бозгӯи ҳоли имрӯзи башарият, гирифтори короавирус гаштани он ва мушкили муҳоҷирини дур аз ватан мебошад.

Қаблан таронаи шоираи номии Тоҷикистон Фарзона, ки бобати "вируси тоҷдор" эҷод намуда буд, ки он аз ҷониби ҳофизони ҷавони тоҷик сароида шуд.

Фарзона, низ дар таронаи худ ба Худованд муроҷиат намуда, хостори кӯмаку раҳмат намудааст. Шоира аз Худованди бузург илтиҷо намудааст, ки ҳамаи ҷавонон ва пиру барноро аз ин вабо наҷот диҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала