Суҳбати ҷамъбастии Озода Раҳмон: аз коронавирус то буҳрони иқтисодӣ ва хоҳиш аз мардон

© Sputnik Амир ИсаевОзода Рахмон. Архивное фото
Озода Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъбасти кораш ба ҳайси узви Маҷлиси миллӣ, даъвати панҷум ва раиси яке аз кумитаҳои калидии он мусоҳиба анҷом дод

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Озода Раҳмон, ки дар даъвати гузашта, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният буд, дар ҷамъбасти корашон дар мавриди бархе масоили мубрами рӯз изҳори назар кардааст.

Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон
Намозу ифтору идгардак манъ: Шӯрои уламо гуфт, пули ҳаҷу закотро чигуна сарф бояд кард

“Ба назари ман, бо пайдо ва паҳн шудани вируси тоҷшакл (коронавирус), ҷаҳон ба буҳрони нави иқтисодӣ – молиявӣ дучор гардид. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои мову шумо ва мақомоти прокуратура дар баробари пешгирии пайдоиш ва паҳншавии вируси зикршуда, татбиқи ҳама чора ба хотири таъмини амнияти иқтисодии кишвар, баланд бардоштани иқтидори содиротии он, сатҳи зиндагии мардум ва маърифати санитарии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад”, - изҳор доштааст Озода Раҳмон дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Ӯ ба суол дар мавриди мавқеи занони тоҷик, изҳор доштааст, ки ҳар як инсон мехоҳад, ки фарзандонаш солиму саводнок ва ботарбия бошанд.

“Агар хоҳем, ки дар ҳақиқат ба ин гуфтаҳо ноил гардем, пас бояд ба занон шароити заруриро муҳайё намоем, зеро дар фарҳанги оиладории мардуми мо ба таълиму тарбияи фарзандон асосан занҳо машғуланд. Мо — занон мехоҳем, ки дар ин кор мардон низ бо тамоми масъулият иштирок намоянд”, - гуфт Озода Раҳмон.

Вай зикр кардааст, ки барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо дар идоракунии давлатӣ якчанд барномаи давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Ӯ афзуд, сиёсати давлатии гендерӣ тақозо мекунад, ки дар ҳама соҳа бояд принсипи конститутсионии баробарҳуқуқии занону мардон ва имконияти баробари амалисозии онро таъмин намоем.

Дар бораи таманниёт ба аъзои нави Маҷлиси миллӣ, ки имрӯз нахустин ҷаласаашон баргузор мешавад, Озода Раҳмон изҳор доштааст, ки парламенти кишвар мактаби бузургест, ки аз ҳар як узви он касбият ва масъулияти баландро тақозо менамояд.

"Дар ин робита, ба аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ фаъолияти пурмаҳсулу муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри рушду инкишоф, шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии мардуми он таманно менамоям. Итминони комил дорам, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд барои рушди бемайлони институти парламентаризм саҳми босазо мегузоранд”, - изҳори боварӣ кардааст ӯ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала